ҲАҶМИ ХАРИДУ ФУРӮШИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ЗИЁД МЕГАРДАД
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Дар давоми нӯҳ моҳи соли равон ҳаҷми хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ 64,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 миллион сомонӣ зиёд аст», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ Раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот Сироҷиддин Валиев 14 октябри соли равон. Мавсуф оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагию молиявии кооператсияи матлубот дар нӯҳ моҳи соли равон ба рӯзноманигорон маълумоти муфассал дод. Зикр шуд, ки дар ин давра дар соҳа 3321 тонна сабзавот, аз ҷумла, 3201 тонна пиёз, 1532 тонна картошка, 218 тонна меваи тару тоза, 466 тонна зироатҳои полезӣ ва 1042 тонна маҳсулот ғалладонагӣ захира карда шуд. Дар ин давра ба Русия, Қазоқистон, Хитой ва Афғонистон 3 ҳазору 433 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шуда ба ҷумҳурӣ бошад ба маблағи 52 миллион сомонӣ молу маҳсулот ворид гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






