ҲАФТАИ НАВБАТИИ АВРУПО ДАР ДУШАНБЕ

Октябрь 8, 2009 16:19

                  Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Мувофиқи анъана бо ташаббуси Маркази фарҳангии «Бактрия» аз 16 то 21 октябри соли ҷорӣ дар Душанбе ҳафтаи Аврупо гузаронида мешавад.                   Дар доираи Ҳафтаи Аврупо дар Театри русӣ — драмавии ба номи В.Маяковский консерти сарояндагони тоҷик дар ҳамбастагӣ бо навозандагони Финляндия ва Англия, инчунин дар толори Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерти классикӣ таҳти роҳбарии Ҷерардо Колела баргузор мегардад. Дар кинотолори «Ҷавонӣ» кинофилмҳои истеҳсоли Олмон – «Чор дақиқа», Фаронса – «99 франк», Руминия – «Чор моҳ, се ҳафта ва ду рӯз» намоиш дода мешаванд. Ҳафтаи Аврупоро конфронс оид ба нақш ва фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҷамъбаст мекунад.                    Мақсад аз баргузории Ҳафтаи Аврупо нишон додани ҳадаф ва марому фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар боло бурдани сатҳи иқтисод ва беҳтар шудани шароити зиндагӣ мебошад.

Октябрь 8, 2009 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд