ҲАФТАИ НАВБАТИИ АВРУПО ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Мувофиқи анъана бо ташаббуси Маркази фарҳангии «Бактрия» аз 16 то 21 октябри соли ҷорӣ дар Душанбе ҳафтаи Аврупо гузаронида мешавад. Дар доираи Ҳафтаи Аврупо дар Театри русӣ — драмавии ба номи В.Маяковский консерти сарояндагони тоҷик дар ҳамбастагӣ бо навозандагони Финляндия ва Англия, инчунин дар толори Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерти классикӣ таҳти роҳбарии Ҷерардо Колела баргузор мегардад. Дар кинотолори «Ҷавонӣ» кинофилмҳои истеҳсоли Олмон – «Чор дақиқа», Фаронса – «99 франк», Руминия – «Чор моҳ, се ҳафта ва ду рӯз» намоиш дода мешаванд. Ҳафтаи Аврупоро конфронс оид ба нақш ва фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҷамъбаст мекунад. Мақсад аз баргузории Ҳафтаи Аврупо нишон додани ҳадаф ва марому фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар боло бурдани сатҳи иқтисод ва беҳтар шудани шароити зиндагӣ мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






