ҲАЙАТИ КОЛЛЕҶИ БРИТАНИЯИ КАБИР БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). — Гурӯҳи намояндагони Коллеҷи шоҳии мудофиаи Британияи Кабир дар ҳайати хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳарбии мулкӣ аз Ҳабашистон, Италия, Нидерландия, Нигерия, Уммон, Покистон, Сербия, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Британияи Кабир ва ИМА 4 октябр барои боздиди корӣ ба Душанбе меояд. Аз сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳадафи сафари мазкур шиносоӣ бо вазъи стратегии мамлакат, таъмини роҳу усулҳои суботи вазъият, амният ва ободии минтақа мебошад. Гурӯҳи намояндагони коллеҷи Британияи Кабир зимни сафар бо вазъияти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон шинос хоҳад шуд. Меҳмонон дар ҷараёни сафар бо мансабдорони баландпояи давлатӣ, олимони Академияи илмҳо ва намояндагони созмонҳои байналхалқӣ мулоқот хоҳанд кард. Инчунин мулоқоти онҳо бо вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, намояндагони вазорати мудофиа ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. Қайд карда мешавад, ки кормандони Коллеҷи шоҳии мудофиаи Британияи Кабир ғайр аз Тоҷикистон ба бисёр мамлакатҳои Африқо, Аврупо, Осиё, Шарқи Дур, Амрикои Ҷанубӣ ва ғайра сафар хоҳанд кард.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






