ҲАЙАТИ КОЛЛЕҶИ БРИТАНИЯИ КАБИР БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

Октябрь 2, 2009 12:05

                 Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). — Гурӯҳи намояндагони Коллеҷи шоҳии мудофиаи Британияи Кабир дар ҳайати хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳарбии мулкӣ аз Ҳабашистон, Италия, Нидерландия, Нигерия, Уммон, Покистон, Сербия, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Британияи Кабир ва ИМА 4 октябр барои боздиди корӣ ба Душанбе меояд.                   Аз сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳадафи сафари мазкур шиносоӣ бо вазъи стратегии мамлакат, таъмини роҳу усулҳои суботи вазъият, амният ва ободии минтақа мебошад. Гурӯҳи намояндагони коллеҷи Британияи Кабир зимни сафар бо вазъияти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон шинос хоҳад шуд.                 Меҳмонон дар ҷараёни сафар бо мансабдорони баландпояи давлатӣ, олимони Академияи илмҳо ва намояндагони созмонҳои байналхалқӣ мулоқот хоҳанд кард. Инчунин мулоқоти онҳо бо вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, намояндагони вазорати мудофиа ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.                  Қайд карда мешавад, ки кормандони Коллеҷи шоҳии мудофиаи Британияи Кабир ғайр аз Тоҷикистон ба бисёр мамлакатҳои Африқо, Аврупо, Осиё, Шарқи Дур, Амрикои Ҷанубӣ ва ғайра сафар хоҳанд кард.

Октябрь 2, 2009 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид