ҲАЙАТИ КОРИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

Октябрь 29, 2009 12:46

                  Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Имрӯз аз кишвари Арабистони Саудӣ ҳайати корӣ таҳти роҳбарии Раиси комиссияи миллӣ оид ба кор таъминкунии Шӯрои палатаи савдо ва саноати Арабистони Саудӣ Саъд Наҳҳор ал – Баддоҳ ба Душанбе меояд. Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Саъд Наҳҳор ал – Баддоҳ бо роҳбарияти ВКД ва намояндагони хадамоти муҳоҷират, дигар вазоратҳо ва идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ мулоқот анҷом медиҳад.                 «Мақсад аз сафари ҳайати кории Арабистони Саудӣ аз он иборат аст, ки дар ҳамбастагӣ бо идораҳои Тоҷикистон механизми даъват кардан ва фиристодани муҳоҷирони меҳнатиро ба Арабистони Саудӣ баррасӣ намоянд. Ҳамчунин таълими муҳоҷирони меҳнатӣ ба ихтисосҳои зарурӣ ва забонҳои англисиву арабӣ ба роҳ монда хоҳад шуд», — иттилоъ доданд аз Хадамоти муҳоҷирати ВКД – и ҷумҳурӣ.                   Ҳангоми мулоқотҳои дуҷониба масоили мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ бо назардошт ва талаботи таҷрибаи ҷаҳонӣ барои ҳимояи хуқуқ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ дида хоҳанд шуд.

Октябрь 29, 2009 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд