ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ПОЛША БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯНД
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Имрӯз 28 октябр, муовини аввали Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Одил Сангов бо Мушовири сафоратхонаи Полша дар Тоҷикистон Славомир Стшалковски вохурӣ кард. Аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар мулоқот тарафайн барномаи сафари қарибулвуқӯъи ҳайати Полшаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карданд. Дар ҳайати намояндагони Полша ширкатҳои зайл ташриф меоранд: Гурӯҳи Бумар (сохтани роҳҳо, хизматрасонии техникаи хоҷагии қишлоқ), Гурӯҳи Капитал POL-DROG (сохтмони роҳҳо), «Herbapol» (доруворӣ), POLPHARMA (дорусозӣ), ВУДМЕКС (лоиҳасозӣ ва сохтмон), Вермонстрой (хизматрасонии сохтмонӣ), UNI-TECH (таҷҳизот барои саноати хурокворӣ), «ABPLANALP CONSULTING» (таҷҳизот барои коркарди метал, пласмас, лоиҳасозӣ ва ворид кардани технологияҳо).








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






