ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКМЕНИСТОН ГУСТАРИШ МЕЁБАД

Октябрь 2, 2009 11:08

                   Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — 2 октябри соли равон Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон Нурберди Амонмуродов мулоқот доир намуд.                    Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз сафорати Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳои минбаъда, вусъат додани равобити иқтисодию фарҳангӣ ва таҳкими муносибатҳо мубодилаи афкор намуданд.                   Ҳамзамон, зимни сӯҳбат Қоҳир Расулзода изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир имкону ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию фарҳангии вилоят бо Ҷумҳурии Туркманистон зиёд буда, вилояти Суғд омода аст, ки барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва саноат тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.                   Таъкид гардид, ки ҳаҷми умумии гардиши мол миёни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ нисбат ба соли 2008 – 160 фоиз афзоиш ёфтааст.                    Бояд гуфт, ки Нурберди Амонмуродов, якуми октябри соли равон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафараш сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон дар Тоҷикистон бо донишҷӯёни вилояти Суғд, ки муҳасилини макотиби олии вилоят ҳастанд мулоқот намуда, аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла осорхонаи вилоятӣ, маҷмааи таърихии Шайх Маслиҳаддин, бозори «Панҷшанбе» ва Қасри Арбоб боздид намояд.

Октябрь 2, 2009 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст