ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКМЕНИСТОН ГУСТАРИШ МЕЁБАД
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — 2 октябри соли равон Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон Нурберди Амонмуродов мулоқот доир намуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз сафорати Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳои минбаъда, вусъат додани равобити иқтисодию фарҳангӣ ва таҳкими муносибатҳо мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон, зимни сӯҳбат Қоҳир Расулзода изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир имкону ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию фарҳангии вилоят бо Ҷумҳурии Туркманистон зиёд буда, вилояти Суғд омода аст, ки барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва саноат тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд. Таъкид гардид, ки ҳаҷми умумии гардиши мол миёни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ нисбат ба соли 2008 – 160 фоиз афзоиш ёфтааст. Бояд гуфт, ки Нурберди Амонмуродов, якуми октябри соли равон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафараш сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон дар Тоҷикистон бо донишҷӯёни вилояти Суғд, ки муҳасилини макотиби олии вилоят ҳастанд мулоқот намуда, аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла осорхонаи вилоятӣ, маҷмааи таърихии Шайх Маслиҳаддин, бозори «Панҷшанбе» ва Қасри Арбоб боздид намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






