ҲАР ЯК ОИЛАИ ШАҲРИ ВАҲДАТ 7 ҲАЗОРУ 220 СОМОНӢ МАБЛАҒ ГИРИФТ
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти бонкҳои шаҳри Ваҳдат, дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба воситаи бонкҳои шаҳр аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатии дар Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои хориҷӣ фаъолиятдошта 248 млн. 653 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Маблағҳои интиқолёфта ба сари ҳар як нафар аҳолии шаҳр 906 сомонӣ ва ба ҳар як оила 7 ҳазору 220 сомонӣ рост омад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба сари ҳар як нафар аҳолии ноҳия 100 сомонӣ ва ба ҳар як оила 780 сомонӣ камтар мебошад. Ба кам ворид шудани маблағ нигоҳ накарда, бонкҳо бо мақсади густариши соҳибкории хурду миёна дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба аҳолӣ 23 млн. 238 ҳазор сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат доданд, ки ин нисбат ба соли 2008 20 млн. камтар аст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






