ҲАР ЯК ОИЛАИ ШАҲРИ ВАҲДАТ 7 ҲАЗОРУ 220 СОМОНӢ МАБЛАҒ ГИРИФТ

Октябрь 26, 2009 08:57

                Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти бонкҳои шаҳри Ваҳдат, дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба воситаи бонкҳои шаҳр аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатии дар Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои хориҷӣ фаъолиятдошта 248 млн. 653 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст.                 Маблағҳои интиқолёфта ба сари ҳар як нафар аҳолии шаҳр 906 сомонӣ ва ба ҳар як оила 7 ҳазору 220 сомонӣ рост омад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба сари ҳар як нафар аҳолии ноҳия 100 сомонӣ ва ба ҳар як оила 780 сомонӣ камтар мебошад.                 Ба кам ворид шудани маблағ нигоҳ накарда, бонкҳо бо мақсади густариши соҳибкории хурду миёна дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба аҳолӣ 23 млн. 238 ҳазор сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат доданд, ки ин нисбат ба соли 2008 20 млн. камтар аст.

Октябрь 26, 2009 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид