ҲОЛАТҲОИ ҚОНУНВАЙРОНКУНИИ ЗАМИН БАРТАРАФ ШУД

Октябрь 12, 2009 08:39

                 Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар 9 моҳи соли ҷорӣ раёсату шӯъбаҳои дастгоҳи марказии Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо корхонаҳои тобеъ ва кумитаҳои заминсозии вилоятҳо дар бахши риояи қонунгузории замин 7915 адад ҳолатҳои қонунвайронкунии истифодаи заминро ошкор намуданд.                 Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 3837 адад, Суғд – 2217, ВМКБ -196 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1507 ҳолати қонунвайронкунии замин аз ҷониби кумитаҳои заминсозии агентии мазкур ошкор карда шудааст, — иброз дошт сардори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокиров. Агентӣ нисбати 3668 ҳолати қонунвайронкунии замин чораҳои маъмурӣ андешида, ба маблағи умумии 1 млн. 345 ҳазору 118 сомонӣ нисбати заминистифодабарандагон ҷарима баст, 496 мавод ба мақомоти прокуратура, 951 мавод ба мақомоти судӣ ирсол намуда, 4861 ҳолатҳои қонунвайронкунии замин бартараф карда шуд.                 Дар ин муддат 156 қарор, аз ҷумла, 41 қарори раисони ноҳияҳо, 95 қарори раисони деҳот ва 20 қарори хоҷагиҳои кишоварзӣ дар вилояти Суғд бекор карда шуданд.     

Октябрь 12, 2009 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд