ҲУКУМАТИ ҚИРҒИЗИСТОН БА ИСТЕЪФО РАФТ
Бишкек, 21 октябр. (АМИТ «Ховар» — Lenta. ru). – Тавре АКИpress иттилоъ медиҳад 20 октябр ҳамаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба истеъфо рафт. Президенти мамлакат Қурмонбек Боқиев истеъфои Ҳукуматро қабул кард. Дирӯз ҳамчунин дар иҷлосияи Шӯрои сиёсии ҳизби ҳукмрони «Ак жол» номзадии чанд нафар ба мансаби сарвазирӣ муҳокима гардид. Шабакаи иттилоотии «24. kg» вобаста ба ин ҳодиса хабар медиҳад, ки истеъфои Ҳукумати Қирғизистон бо ташаббуси президент Қурмонбек Боқиев ба амал омад. Президент бо мақсади ихтисор кардани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва сарфаи маблағҳои буҷавӣ гузаронидани реформаи сохторҳои иҷроияи ҳукуматиро ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла, вазорати корҳои хориҷӣ аз тобеияти ҳукумат берун шуда, ба ҳайати дастгоҳи президент, ки минбаъд Институти Президент номида хоҳад шуд, ворид мегардад. Намояндагони мухолифин ин ислоҳоти президент Қ.Боқиевро на сарфаи маблағ ва ихтисори штатҳо, балки таҳким бахшидан ба ваколатҳои Президент баҳогузорӣ карданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






