ҶАЛАСАИ НАВБАТӢ ДАР ПЕКИН

Октябрь 13, 2009 08:16

                Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар» — gazeta. kz). – Пагоҳ 14 октябр дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад. Бо даъвати Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэн Сзябао дар иҷлосия роҳбарон ва ё намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва давлатҳои нозири СҲШ иштирок мекунанд.                 Дар ҷамъбасти кори иҷлосия қабули як қатор ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла оид ба буҷаи СҲШ барои соли 2010; Изҳороти якҷоя оид ба тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодӣ барои бартараф кардани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва рушди минбаъдаи иқтисодиёти давлатҳои СҲШ; оид ба мубориза бар зидди паҳн шудани бемориҳои гузаранда дар ҳудуди давлатҳои Созмон дар назар дошта шудааст.                 Дар ҳузури сарони давлатҳо, роҳбарони хадамоти гумрукии давлатҳои СҲШ дар бораи ҳамкорӣ оид ба омода кардани мутахассисон ва боло бурдани маҳорати касбии кормандони соҳаи гумрук Протоколи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.                 Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати СҲШ давлатҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил буда, мамлакатҳои Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон ва Покистон ҳамчун нозир дар чорабиниҳои ин созмон ширкат мекунанд. Ҳамчунин соли 2009 ҳангоми вохӯрии сарони давлатҳо дар Екатеринбург дар бораи пазируфтани ҷумҳуриҳои Шри – Ланка ва Белорус ҳамчун шарикони Созмон қарор қабул шуда буд.

Октябрь 13, 2009 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд