ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ 7-УМИ ШӮРОИ ТАНДУРУСТӢ
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз 15 то 16 октябри соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи навбатии 7-уми Шӯрои тандурустии Давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭс) баргузор мегардад. Тавре аз Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи шашуми Шӯро, оид ба рафти амалигардонии Самтҳои афзалиятноки рушди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, оид ба лоиҳаи консепсияи барномаи байнидавлатии мақсадноки «Саломатии мардуми Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё», оид ба лоиҳаи Низомнома дар бораи бақайдгирии (азнавбақайдгирии) маводи доруворӣ дар давлатҳои аъзо, чорабиниҳо бахшида ба муносибати даҳсолагии таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, лоиҳаи Низомномаи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳод дар соҳаи мубориза бо бемориҳои сироятӣ баррасӣ мегарданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов ва сардори раёсати ислоҳот ва робитаҳои байналмилалӣ Сафар Сайфуддинов ширкат меварзанд. Бояд хотиррасон кард, ки ҷаласаи мазкурро вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон Нусратулло Салимов сарварӣ мекунад, ки ин барои рушди масъалаҳои соҳаи тандурустӣ заминаи боэътимоде хоҳад гузошт.








Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд






