ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ 7-УМИ ШӮРОИ ТАНДУРУСТӢ

Октябрь 15, 2009 17:47

                Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз 15 то 16 октябри соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи навбатии 7-уми Шӯрои тандурустии Давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭс) баргузор мегардад.                  Тавре аз Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи шашуми Шӯро, оид ба рафти амалигардонии Самтҳои афзалиятноки рушди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, оид ба лоиҳаи консепсияи барномаи байнидавлатии мақсадноки «Саломатии мардуми Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё», оид ба лоиҳаи Низомнома дар бораи бақайдгирии (азнавбақайдгирии) маводи доруворӣ дар давлатҳои аъзо, чорабиниҳо бахшида ба муносибати даҳсолагии таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, лоиҳаи Низомномаи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳод дар соҳаи мубориза бо бемориҳои сироятӣ баррасӣ мегарданд.                  Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов ва сардори раёсати ислоҳот ва робитаҳои байналмилалӣ Сафар Сайфуддинов ширкат меварзанд.  Бояд хотиррасон кард, ки ҷаласаи мазкурро вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон Нусратулло Салимов сарварӣ мекунад, ки ин барои рушди масъалаҳои соҳаи тандурустӣ заминаи боэътимоде хоҳад гузошт.

Октябрь 15, 2009 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид