ҶАЛАСАИ ВАЗИРОН ДАР АНТАЛИЯ

Октябрь 20, 2009 16:48

                Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Пагоҳ дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи дуюми вазирони соҳаи туризми давлатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии наздии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов намояндагӣ хоҳад кард.                Дар ҷараёни ҷаласа вазирони давлатҳои Созмон масоили вобаста ба рушди соҳаи туризм, густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳо ва сохторҳои давлатии минтақаро баҳри мусоидат ба беҳтаршавии вазъ дар соҳаи туризм, инчунин дигар барномаҳои пешбинишударо муҳокима мекунанд. Масъалаи асосии ҷаласа баррасии мушкилоти рушди сайёҳӣ дар шароити душвори бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ — иқтисодӣ мебошад.                 Тавре Маликшо Неъматов қайд кард: — «Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар масоҳати 7 миллион км.кв. доман паҳн карда, зиёда аз 320 миллион одам дар ҳудуди он зиндагӣ мекунанд. Солҳои охир соҳаи туризм бо суръати баланд тараққӣ карда, яке аз манбаъҳои муҳими даромади иқтисодӣ ва беҳтар шудани шароити иҷтимоии давлатҳо гардидааст. Кишварҳои СҲИ дар баробари ривоҷ додани соҳаи туризм ҳамчунин бояд ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳимояи ҷамъият ва фарҳанг аҳамияти ҷиддӣ диҳанд,» — илова кард М.Неъматов.                 Ёдовар мешавем, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ ташкилоти байналхалқии минтақавӣ буда, барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ — техникӣ миёни кишварҳои минтақаи Осиё созмон дода шудааст. Давлатҳои Туркия, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон аъзои СҲИ мебошанд.                  Ҷаласаи якуми вазирони соҳаи туризми СҲИ соли гузашта дар шаҳри Теҳрон баргузор шуда буд. Дар ин ҷаласа давлатҳои СҲИ оид ба таъсис додани Бунёди алоҳида оид ба рушди сайёҳӣ дар минтақа қарор қабул карданд. Кишварҳои Озарбойҷон, Туркия ва Эрон ҳамзамон дар бораи маблағгузорӣ ба ин Бунёд изҳорот дода буданд.

Октябрь 20, 2009 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд