ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТӢ
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). – 5 октябр дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотии роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолияти агентӣ дар давоми 9 моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Нишасти матбуотиро муовини аввали директори агентӣ Вайсиддин Азаматов кушода, зикр кард, ки кормандони он дар давоми 9 моҳ 120 кӯшиши хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадорро барбод доданд, ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 – ум 51 фоиз зиёд мебошад. Мо дар давоми 9 моҳи гузашта ҳамроҳи хадамоти махсуси мамлакатҳои ИДМ ва Афғонистон чандин маротиба амалиёти муштарак гузаронидем. Дар натиҷаи онҳо 725 кг маводи нашъадор, аз ҷумла, 117 кг героин, қариб 517 кг афюни хом ва 91 кг моддаи нашъадори канабис мусодира карда шуд, гуфт В.Азаматов. Вай афзуд, ки аз 22 то 28 сентябр дар қаламрави мамлакатҳои аъзои СААД амалиёти муштарак гузаронида шуд. Дар ҷараёни он 27 ҷинояти вобаста ба маводи нашъадор фош намуда, 303 кг 370 грамм маводи нашъадор ба даст афтод. Қайд карда шуд, ки дар қаламрави мамлакат амалиёти «Кӯкнор – 2009» давом дорад. Амалиёти мазкур 15 май оғоз ёфта, то 30 ноябр давом мекунад. Дар он кормандони вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ, кумитаҳои амнияти миллӣ, телевизион ва радио ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолона иштирок менамоянд. Вайсиддин Азаматов таъкид кард, ки дар Тоҷикистон маводи нашъадор парвариш ва истеҳсол карда намешавад. Дар мамлакати мо ягон лаборатория ё корхонаи истеҳсоли героин вуҷуд надорад. Қочоқчиён қаламрави мамлакати моро барои интиқоли маводи нашъадор ба Русия ва Аврупо истифода мебаранд. Ба қавли нотиқ, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар мамлакатҳои дигар барои хариду фурӯши маводи нашъадор дастгир шудаанд хеле кам гардидааст.