ҶАШНИ КИНОИ ТОҶИК

Октябрь 15, 2009 17:40

                 Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- 16 октябр дар рӯзи ҷашни кинои тоҷик дар Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон мулоқоти киноматографистон бо намояндагони ВАО баргузор мегардад. Дар сӯҳбати озод бо рӯзноманигорон оид ба фаъолият ва эҷодиёти аъзои Иттифоқи киноматографистон, нақшаҳои эҷодӣ ва ҳолати воқеии киносозон дар Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат мегирад.                 Котиби Иттиҳоди киноматаграфистони Тоҷикистон Галина Элбаум зикр кард, ки меҳмонони пойтахт ва журналистон дар ин чорабинӣ иштирок карда, ба ҳамаи саволҳои худ ҷавоби қаноатбахш хоҳанд гирифт.Ҳамчунин дар чорабинӣ бахшида ба 80-солагии кинои тоҷик китоби «Аз ғайб бо муҳаббат» муаррифӣ мешавад. Муаллифи ин китоб Галина Элбаум, Владимир Родин, Манзура Улҷабоева ва Саъдулло Раҳимов мебошанд. Китоб маҷмӯаи мақолаҳо, очеркҳо, эссеҳо, мусоҳибаҳоро дар бораи кинои тоҷик иштирокчиёну созандагони онро дар бар гирифтааст.

Октябрь 15, 2009 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд