ҶАШНИ КИНОИ ТОҶИК
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- 16 октябр дар рӯзи ҷашни кинои тоҷик дар Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон мулоқоти киноматографистон бо намояндагони ВАО баргузор мегардад. Дар сӯҳбати озод бо рӯзноманигорон оид ба фаъолият ва эҷодиёти аъзои Иттифоқи киноматографистон, нақшаҳои эҷодӣ ва ҳолати воқеии киносозон дар Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат мегирад. Котиби Иттиҳоди киноматаграфистони Тоҷикистон Галина Элбаум зикр кард, ки меҳмонони пойтахт ва журналистон дар ин чорабинӣ иштирок карда, ба ҳамаи саволҳои худ ҷавоби қаноатбахш хоҳанд гирифт.Ҳамчунин дар чорабинӣ бахшида ба 80-солагии кинои тоҷик китоби «Аз ғайб бо муҳаббат» муаррифӣ мешавад. Муаллифи ин китоб Галина Элбаум, Владимир Родин, Манзура Улҷабоева ва Саъдулло Раҳимов мебошанд. Китоб маҷмӯаи мақолаҳо, очеркҳо, эссеҳо, мусоҳибаҳоро дар бораи кинои тоҷик иштирокчиёну созандагони онро дар бар гирифтааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






