ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ХАТЛОН КАМ НАМЕШАВАД?

Октябрь 15, 2009 10:39

                 Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Тавре ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вилояти Хатлон аз аввали сол 2258 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки ин назар ба соли гузашта 240 адад зиёд мебошад. Болоравии ҷинояткорӣ дар ноҳияҳои Вахш, Фархор, Балҷувон ва шаҳрҳои Кӯлобу Норак ба чашм мерасад. Дар баробари ҳамин шумораи ҷиноятҳои вазнин дар вилояти Хатлон тамоюли кам шудан дорад. Агар дар соли 2008 307 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шуда бошад, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ин рақам 6 адад кам шудааст.                  Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ 78 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 3 адад камтар аст. Аз 78 нафари худкушикарда, 40 нафарашонро занон ва 38 нафарашонро мардон ташкил медиҳанд. «Боиси таассуф аст, ки аз ин шумораи умумӣ 16 нафар кӯдакон мебошанд» — қайд карданд дар Прокуратураи вилояти Хатлон.

Октябрь 15, 2009 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд