14 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАИ МАСОЛЕҲИ СОХТМОНӢ

Октябрь 2, 2009 10:51

                  Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои котиби матбуотии Вазорати энергетика ва саноат Тоҷиниссо Азизова, дар ҷумҳурӣ 14 корхонаи истеҳсолкунандаи масолеҳи сохтмонӣ фаъолият доранд.                  Моҳи августи соли ҷорӣ корхонаи хиштбарории ҶММ «Мавҷи баҳр» — и ноҳияи Носири Хисрав ба истифода дода шуд. Корхона то имрӯз аллакай 500 ҳазор дона хишт истеҳсол намудааст.                  Ба иттилои ҳамин манбаъ, иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 8 – 10 млн. дона хишт мебошад. Дар корхона 30 нафар коргар аз мардуми таҳҷоӣ ба кор қабул карда шудааст, инро ибтидои саршавии кор медонанд, умед аст дар оянда хатҳои нави технологии хиштбарорӣ ба кор омода гардад ва барои мардуми маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардонида шавад.

Октябрь 2, 2009 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст