212 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – «Варзишгарони тоҷик дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба гирифтани 212 медал, аз ҷумла, 52 медали тиллоӣ, 66 медали нуқрагӣ ва 93 медали биринҷӣ муваффақ шуданд. Давоми соли 2008 варзишгарон ҳамагӣ 217 медал ба даст оварда буданд», — чунин гуфт дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов. «Дар дохили кишвар 55 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо зиёда аз 200 ҳазор одамон иштирок карданд. Варзишгарони тоҷик дар 68 мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок карданд» — қайд кард Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Неъматов. Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин доир ба соҳаи сайёҳӣ сухан рафта, қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 15 ширкати сайёҳӣ иҷозат барои фаъолият гирифтанд ва айни ҳол дар ҷумҳурӣ 145 ширкати сайёҳӣ ба ҷалби сайёҳон машғул аст. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 619 сайёҳ аз Эрон, 631 нафар аз Афғонистон, 590 нафар аз Русия, 493 нафар аз Ӯзбекистон, 352 нафар аз ИМА, 310 нафар аз Чин, 227 нафар аз Олмон, 216 нафар аз Ҷопон, 185 нафар аз Фаронса, 86 нафар аз Куриёи Ҷанубӣ ва 227 нафар аз Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари сайёҳӣ анҷом доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






