25 ПАРВАНДА ОИД БА КУШТОР

Октябрь 16, 2009 11:41

               Қӯрғонтеппа, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон оиди ба ҷиноятҳои куштор ва ё сӯиқасд ба он 25 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудааст. Ин гуна ҷиноятҳо дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Мӯъминобод, Қӯрғонтеппа, Румӣ, Шаҳритус, Бохтар, Кӯлоб, Панҷ, Ҷиликӯл, Фархор, Шӯрообод, Н.Хусрав ва Хуросон ба қайд гирифта шудаанд. Аз 25 адад парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба ин ҳодисаҳо, 12 ададаш ба суд ирсол гашта, боз дар мавриди 13-тои дигараш айни замон тафтишоти пешакӣ идома дорад.                Варқа Зайниддинов инчунин қайд кард, ки ҷиноятҳои таҷовуз ба номус дар нӯҳ моҳи соли 2009 16 адад ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нӯҳ адад кам гаштаанд. Ин ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда, пурра ошкор карда шуда, аз ин миқдор нӯҳ парвандаи ҷиноятӣ бо фикри айбдорӣ ба суд ирсол кардашуда, сари 7 парвандаи ҷиноятӣ тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Октябрь 16, 2009 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд