25 ПАРВАНДА ОИД БА КУШТОР
Қӯрғонтеппа, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон оиди ба ҷиноятҳои куштор ва ё сӯиқасд ба он 25 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудааст. Ин гуна ҷиноятҳо дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Мӯъминобод, Қӯрғонтеппа, Румӣ, Шаҳритус, Бохтар, Кӯлоб, Панҷ, Ҷиликӯл, Фархор, Шӯрообод, Н.Хусрав ва Хуросон ба қайд гирифта шудаанд. Аз 25 адад парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба ин ҳодисаҳо, 12 ададаш ба суд ирсол гашта, боз дар мавриди 13-тои дигараш айни замон тафтишоти пешакӣ идома дорад. Варқа Зайниддинов инчунин қайд кард, ки ҷиноятҳои таҷовуз ба номус дар нӯҳ моҳи соли 2009 16 адад ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нӯҳ адад кам гаштаанд. Ин ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда, пурра ошкор карда шуда, аз ин миқдор нӯҳ парвандаи ҷиноятӣ бо фикри айбдорӣ ба суд ирсол кардашуда, сари 7 парвандаи ҷиноятӣ тафтишоти пешакӣ идома дорад.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






