30-СОЛАГИИ КОНВЕНСИЯИ ҲУҚУҚИ ЗАН
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе муаррифии маҷмӯаи Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамагуна поймолкунии ҳуқуқи занҳо дар шакли саволу ҷавобҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ доир гардид. Ин иқдом бахшида ба 30-солагии Конвенсияи мазкур роҳандозӣ шудааст, ки 18 декабри соли ҷорӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ онро таҷлил менамоянд. Дар ҷараёни муаррифӣ зикр гардид, ки Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамагуна поймолкунии ҳуқуқи занҳо, ки 18 декабри соли 1979 аз тарафи Ассамблеяи генералии Сомони Миллали Муттаҳид қабул шуд – нуқтаи олитарини кӯшишҳои даҳсолаи байналхалқӣ дар самти ҳифз ва рушди ҳуқуқҳои занон дар ҷаҳон ва мусоидат намудан ба риояи он гардид. 3 сентябри соли 1981, пас аз 30 рӯзи қабули Конвенсия аз тарафи бистумин давлати аъзо он ба ҳукми қонун даромада, натиҷаи босамари фаъолияти СММ оид ба ташкили меъёрҳои ҳуқуқии байналхалқии фарогиранда барои занон гашт. Маврид ба зикр аст, ки Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамагуна поймолкунии ҳуқуқи занҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 октябри соли 1993 қабул кард ва он яке аз рукнҳои асосии системаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Гуфтанист, ки Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамагуна поймолкунии ҳуқуқи занҳо таҳкурсии ҳуқуқиро барои беҳтар намудани ҳуқуқи занон барқарор намуда, баробарии онҳоро дар ҳама соҳаҳои зиндагӣ пеш мебарад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






