3000-СОЛАГИИ ТАМАДДУНИ ҲИСОР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД
Душанбе, 20 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ояндаи наздик 3000-солагии тамаддуни Ҳисори бостон дар сатҳи ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда хоҳад шуд», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор Муҳаммадалӣ Очилдӣ. Мавсуф зикр кард, ки дар ин масъала ба унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб пешниҳод карда шудааст, ки алҳол он мавриди баррасӣ қарор дорад ва умед аст, ки дастгирӣ меёбад. Ҳамчунин, Раиси ноҳияи Ҳисор афзуд, ки Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор, ки бо номи Қалъаи Ҳисор маъмул аст, ҳамчун ёдгории беназири таърихӣ ба рӯйхати Созмони мероси фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод карда шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






