36 ПАРВАНДАИ ВОБАСТА БА ЗАМИН
Қӯрғонтеппа, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Яке аз масъалаҳои муҳими имрӯза ин самаранок ва оқилона истифода бурдани замин буда, дар ин давра аз тарафи кормандони прокуратураи вилояти Хатлон 51 санҷиш гузаронида шуда, вобаста ба натиҷаи онҳо 145 амр, 757 эътироз ва 95 пешниҳод оварда шудааст. Варқа Зайниддинов, ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон дар як нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои эътиноии прокурорӣ 73 шахс ба ҷавобгарии интизомӣ, 503 шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Ҳамчунин вобаста ба ҷиноятҳои ошкоргашта 36 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят дар рафти санҷиши қонунҳо оид ба нигоҳдории саршумори чорво бошад ба тариқи асл ҷамъан 2061 сар чорворо зимни санҷишҳои қонунҳо доир ба нигоҳдории саршумори чорво барқарор кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 335 сар зиёд мебошад. Барои азхудкунӣ, дуздии чорвои ҷамъиятӣ ва изофанависӣ дар соҳаи чорводорӣ дар ин давра 12 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 парвандаи ҷиноятӣ зиёдтар мебошад.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






