36 ПАРВАНДАИ ВОБАСТА БА ЗАМИН

Октябрь 15, 2009 17:44

                  Қӯрғонтеппа, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Яке аз масъалаҳои муҳими имрӯза ин самаранок ва оқилона истифода бурдани замин буда, дар ин давра аз тарафи кормандони прокуратураи вилояти Хатлон 51 санҷиш гузаронида шуда, вобаста ба натиҷаи онҳо 145 амр, 757 эътироз ва 95 пешниҳод оварда шудааст. Варқа Зайниддинов, ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон дар як нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои эътиноии прокурорӣ 73 шахс ба ҷавобгарии интизомӣ, 503 шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Ҳамчунин вобаста ба ҷиноятҳои ошкоргашта 36 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.                    Прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят дар рафти санҷиши қонунҳо оид ба нигоҳдории саршумори чорво бошад ба тариқи асл ҷамъан 2061 сар чорворо зимни санҷишҳои қонунҳо доир ба нигоҳдории саршумори чорво барқарор кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 335 сар зиёд мебошад. Барои азхудкунӣ, дуздии чорвои ҷамъиятӣ ва изофанависӣ дар соҳаи чорводорӣ дар ин давра 12 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 парвандаи ҷиноятӣ зиёдтар мебошад.

Октябрь 15, 2009 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд