60 НАФАР ЗАНОНУ КӮДАКОН ҲАЛОК ШУДАНД
Пешовар, 29 октябр. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). – Шумораи фавтидагон дар натиҷаи таркиши воситаи нақлиёт дар назди бозори шаҳри Пешовар ба сад нафар расид, ки аз ин шумора 60 нафарашон занон ва кӯдакон мебошанд, ҳамчунин 200 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Тавре ки Associated Press иттилоъ медиҳад, ин амали террористӣ дар наздикии бозори занона рух дода, ба чандин дӯкон ва масҷиди маҳалла зарари ҷиддӣ расонидааст. Муддати як моҳ инҷониб дар шаҳри Пешовар амалҳои террористӣ анҷом дода мешаванд, ки дар натиҷа занону кӯдакон ба ҳалокат мерасанд. 9 октябр дар бозори марказӣ дар натиҷаи амали террористӣ 40 нафар фавтида, 100 нафар ҷароҳат бардошта буданд. 15 октябр дар назди бинои мактаб ва баъд аз як рӯз дар назди боздоштгоҳи тафтишотии шаҳр таркишҳо ба амал оварда шуданд. Роҳбарияти «Толибон» ҳамаи амалиётҳои террористиро ба ӯҳда гирифта аз ҳукумати Покстон даъват дорад, ки амалиёти густурдаи ҳарбиро бар зидди толибон дар минтақаи Вазиристони ҷанубӣ қатъ намояд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






