80 СОЛАГӢ МУБОРАК!
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дирӯз дар Душанбе дар толори Ҷомӣ 80 солагии таъсисёбии кинои тоҷик расман ҷашн гирифта шуд. Соли 1930, Шӯрои Олии Хоҷагии Халқи СССР бо қарори алохида дар асоси як коргоҳи хурд (кинолаборатория) муассисаи «Тоҷиккино» — ро таъсис дод. Дар ибтидо ин студияи навтаъсис филмҳои ахборӣ — ҳуҷҷатӣ, аз соли 1932 филмҳои ҳунарӣ ва баъди се сол филмҳоро бо овози қаҳрамонҳо истеҳсол мекард. Аз соли 1961 киностудия номи «Тоҷикфилм» — ро гирифт. Дар маросими ҷашнӣ ба кормандони собиқадори соҳа нишони фахрии сарисинагӣ супорида ва барои иштирокчиёни маросим филми ҳунарии режиссер Саидҷон Қодирӣ «Баҳори як кӯча» намоиш дода шуд. Бояд гуфт, ки дар 30 соли охир ин нахустин филми ҳунарӣ барои кӯдакон ба навор гирифта шуда аст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






