9 МОҲИ БА ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО

Октябрь 14, 2009 16:09

                  Душанбе, 14 октябр. (НИАТ «Ховар», Фирдавс Таваров)- Имрӯз дар Хонаи Радио нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳмоҳи соли 2009 баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти мақомот муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радио Абдураҳмон Абдуманнонов, Самад Ҳикматов, инчунин раисони шабакаҳои телевизионию радиоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштанд.                   Ба гуфтаи Абдураҳмон Абдуманнонов, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон, амр, супориш ва паëмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати инъикосу тарғиби дастовардҳои арзишманди давлатдорӣ, рушду тараққии иқтисодиет, илм, фарҳанг, санъат ва нақши онҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ, тарғибу ташвиқи ҳадафҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ, эҳсоси волои ватандӯстиву ватандорӣ кӯшиш ба харҷ дода, нӯҳ моҳи соли 2009-ро бо дастовардҳои арзанда ҷамъбаст намуданд.                  Дар ин давра бо мақсади инъикоси пурраи ҷараëни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хорватия, иштироки Сарвари давлат дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Екатеринбурги Россия, иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 64-уми Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, Форуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйиребии иқлим, сафарҳои кори ба Шоҳигарии Швейтсария ва шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳиддаи Араб аз тариқи шабакаи байналмилалии Интернет наворҳои фавриро дастрас намуда, гузоришҳои марбут ба сафарҳои хориҷии Сарвари давлат бо истифода аз наворҳо ва манбаъҳои худӣ ба таври оҷилӣ аз тариқи барномаҳои иттилоотии шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пахш гардид, гуфт манбаъ.                Ба гуфтаи Абдураҳмон Абдуманнонов, ҳайати эҷодӣ дар ин давра рӯйдодӣ муҳим маросими ба истифода супурдани Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1»-ро бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар гуфтугӯи тамаддунҳо»-ро, ки бо иштироки олимону пажӯҳишгарони диншиноси бештар аз 50 кишвари ҷаҳон дар гузоришу барномаҳои хабарӣ ва таҳлилӣ ҳамаҷониба инъикос карданд.                Инчунин, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон бинои истиқоматиро барои кормандон ба истифода дод, ки он дорои 72 хона мебошад.                Дар нақшаи Кумитаи телевизион ва радио дар оянда сохтани қароргоҳҳои шабакаҳои ҶТ дар хориҷа, аз он ҷумла дар Россия, Олмон, Қирғизистон, Қатар ва дигар мамлакатҳо дар назар мебошад, афзуд Абдураҳмон Абдуманнонов.

Октябрь 14, 2009 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ