А.АШӮР: КВД «ДАРОМАДИ ПОЧТАИ ТОЧИК» 3.000. 900 СОМОНИ

Октябрь 15, 2009 17:21

                  Душанбе, 15 октября. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Таҳлили нишондиҳандаҳои рушди маҷмааи нақлиёт ва коммуникатсия нишон медиҳад, ки ба мушкилоти бӯҳрони иқтисодӣ нигоҳ накарда, корхонаву муассисаҳо дар доираи имкон ва шароитҳои мавҷуда аз ӯҳдаи таъмини талабот ва эҳтиёҷоти хоҷагии халқ, нисбат ба хизматрасонӣ баромаданд, ин далели он аст, ки қариб дар ҳама соҳаҳои марбути вазорат рушди мунтазам таъмин гардидааст. Тавассути ҳама намудҳои нақлиёт хаҷми боркашонй ба андозаи 14 млн. 620 ҳазору 800 тонна ва ҳаҷми мусофирбарӣ бошад, 118 млн. 168 ҳазор мусофир таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 101,3 ва 102,0 фоизро ташкил медиҳанд, гуфт дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Абдураҳим Ашӯр.                   Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолии мамлакат дар ҳамаи соҳаҳои марбути комплекси нақлиётиву коммуникатсионӣ ба маблағи 1 миллиону 139 ҳазору 661 сомонӣ хизматрасонии имтиёзӣ расонида шудааст. Аз ин ҳисоб дар самти мусофирбарӣ бо нақлиёти автомобилӣ -118 ҳазору 133 сомонӣ, роҳи оҳан — 112 ҳазору 728 сомонӣ, ҳавоӣ 132 ҳазору 99 сомонӣ ва алоқаву почта 776 ҳазору 701 сомонӣ маблағҳо аз худ карда шудаанд.                  Дар ҷумҳурӣ теъдоди истифодабарандагони алоқаи барқӣ ба 334 ҳазору 890 муштарӣ ва алоқаи мобилӣ ба 4 млн. 612 ҳазору 972 муштари расидааст ва он пайваста афзоиш меёбад.                  Миқдори истифодабарандагони фаъоли шабакаи Интернет дар ин давра бо назардошти истифодабарандагони хизмати интернетӣ тариқи пайвасти бесим 505 ҳазору 176 нафарро ташкил медиҳад.                  Аз ҳамаи намудҳои фаъолияти КВД «Почтаи Тоҷик» 3 млн. 900 ҳазор сомонӣ ба даст оварда, иҷроиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 114,7 % — ро ташкил медиҳад», гуфт дар хотима А.Ашӯр.

Октябрь 15, 2009 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд