АКТЕРҲОРО ДАР КУҶО ТАЙЁР МЕКУНАНД?
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). -Дар назди факултаи театрӣ-бадеии Донишкадаи давлатии санъати ба номи М.Турсунзода се студия барои омода кардани актёрон кушода шуд. Дар ин бора ректори Донишкадаи мазкур Аслиддин Низомов иттилоъ дод. «Студияҳо барои се театри ҷумҳурӣ: театри ба номи устод Лоҳутӣ, театри ба номи В.Маяковский ва театри ба номи М.Назарови ш.Хоруғ актёр тайёр мекунад. Ба гурӯҳи русӣ 6 ва ба гурӯҳҳои тоҷикӣ 9 нафар ҷавонони лаёқатманд пас аз супоридани санҷишу имтиҳон ва гузаштан аз озмунҳои касбӣ ҷалб шуданд ва акнун онҳо аз режиссер ва актерони шинохта: Сӯҳроб Усмонов, Баҳодур Миралибеков, Тағоймурод Усмонов муддати 5 сол сабақ хоҳанд гирифт. Гузашт айёме, ки мо барои театри ба номи В.Маяковский аз дигар кишварҳо актёр меҷустем ва ё актёрҳои ҷавонро дар дигар мамлакатҳо омода мекардем, минбаъд актерҳои театр ва кинои миллӣ дар ин студияҳо ба воя хоҳанд расид», — гуфт дар хотимаи нишасти матбуотӣ Аслиддин Низомов.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






