АКТЕРҲОРО ДАР КУҶО ТАЙЁР МЕКУНАНД?

Октябрь 30, 2009 11:57

               Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). -Дар назди факултаи театрӣ-бадеии Донишкадаи давлатии санъати ба номи М.Турсунзода се студия барои омода кардани актёрон кушода шуд. Дар ин бора ректори Донишкадаи мазкур Аслиддин Низомов иттилоъ дод.                «Студияҳо барои се театри ҷумҳурӣ: театри ба номи устод Лоҳутӣ, театри ба номи В.Маяковский ва театри ба номи М.Назарови ш.Хоруғ актёр тайёр мекунад. Ба гурӯҳи русӣ 6 ва ба гурӯҳҳои тоҷикӣ 9 нафар ҷавонони лаёқатманд пас аз супоридани санҷишу имтиҳон ва гузаштан аз озмунҳои касбӣ ҷалб шуданд ва акнун онҳо аз режиссер ва актерони шинохта: Сӯҳроб Усмонов, Баҳодур Миралибеков, Тағоймурод Усмонов муддати 5 сол сабақ хоҳанд гирифт. Гузашт айёме, ки мо барои театри ба номи В.Маяковский аз дигар кишварҳо актёр меҷустем ва ё актёрҳои ҷавонро дар дигар мамлакатҳо омода мекардем, минбаъд актерҳои театр ва кинои миллӣ дар ин студияҳо ба воя хоҳанд расид», — гуфт дар хотимаи нишасти матбуотӣ Аслиддин Низомов.

Октябрь 30, 2009 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад