АМОНАТБОНК МАВҚЕИ ОҶОНСИҲОЯШРО БОЛО МЕБАРДОРАД

Октябрь 6, 2009 16:15

                 Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз, дар бинои марказии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» вохӯрии роҳбарияти бонк бо намояндагони Бонки рушди Аврупо сурат гирифт. Бонки рушди Аврупоро дар вохӯрӣ Даниэл Болшов ва Артур Погосян намояндагӣ карданд.                  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки тибқи гузориши намояндаи Бонки Рушди Аврупо Даниэл Болшов, бонки мазкур тасмим гирифтааст ҷиҳати маблағгузориҳо тавассути қарзҳои хурд ба соҳаи кишоварзӣ бо «Амонатбонк» ҳамкорӣ намояд. Дар вохӯрӣ намояндагон бо саволу пурсишҳои зиёд муроҷиат намуда, аз вазъу ҳолат, фаъолият ва мавқеи «Амонатбонк» дар соҳаи бонкдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумот гирифтанд.                   Ҳамчунин намояндагони Бонки рушди Аврупо иброз намуданд, ки тибқи мандати Бонки Рушди Аврупо ҳамкориҳо бо ташкилотҳои давлатӣ барои сохторҳои БРА афзалият дорад, аз ин рӯ таваҷҷӯҳи Бонки Рушди Аврупо ҷиҳати ҳамкорӣ бо БДА ҶТ «Амонатбонк» зиёд мебошад.

Октябрь 6, 2009 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд