АМОНАТБОНК МАВҚЕИ ОҶОНСИҲОЯШРО БОЛО МЕБАРДОРАД
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз, дар бинои марказии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» вохӯрии роҳбарияти бонк бо намояндагони Бонки рушди Аврупо сурат гирифт. Бонки рушди Аврупоро дар вохӯрӣ Даниэл Болшов ва Артур Погосян намояндагӣ карданд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки тибқи гузориши намояндаи Бонки Рушди Аврупо Даниэл Болшов, бонки мазкур тасмим гирифтааст ҷиҳати маблағгузориҳо тавассути қарзҳои хурд ба соҳаи кишоварзӣ бо «Амонатбонк» ҳамкорӣ намояд. Дар вохӯрӣ намояндагон бо саволу пурсишҳои зиёд муроҷиат намуда, аз вазъу ҳолат, фаъолият ва мавқеи «Амонатбонк» дар соҳаи бонкдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумот гирифтанд. Ҳамчунин намояндагони Бонки рушди Аврупо иброз намуданд, ки тибқи мандати Бонки Рушди Аврупо ҳамкориҳо бо ташкилотҳои давлатӣ барои сохторҳои БРА афзалият дорад, аз ин рӯ таваҷҷӯҳи Бонки Рушди Аврупо ҷиҳати ҳамкорӣ бо БДА ҶТ «Амонатбонк» зиёд мебошад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






