АШЪОРИ АСРИ 21
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар» Таҳмина Ғоибназарова). – Мулоқоти эҷодии шоир, тарҷумон ва рӯзноманигор Темур Варқӣ бо муаррифии маҷаллаи нави нашри Маскав «Ашъори асри 21» оғоз меёбад. Мулоқоти эҷодӣ пагоҳ 15 октябр дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин вохӯрӣ ширкат ва суханронии драматург ва нависанда Нур Табаров, мунаққид ва адабиётшинос Азим Аминов, муаллими кафедраи назария ва таҷрибаи васоити ахбори нашриётӣ Виктория Петрушкова оид ба эҷодиёти Темур Варқӣ дар назар дошта шудааст. Шоир дар баробари сӯҳбат ва муколама инчунин аз дастагули шеърҳои дар маҷаллаи «Ашъори асри 21» дарҷшудаи хеш барои мухлисон қироат мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» яке аз ташкилкунандагони мулоқоти эҷодӣ А.Аминов итттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






