БА ҒОЛИБОНИ БОДИБИЛДИНГ ҶОИЗАҲО СУПОРИДА ШУД

Октябрь 26, 2009 15:17

                 Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Дар Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони мусобқа доир ба бодибилдинг, ки тарзи ҳаёти солим ва паст кардани истеъмоли маводи мухаддирро миёни ҷавонон таблиғ мекунад, дирӯз 25 октябр барпо гардид.                    Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҷоизаҳоро Раиси Федератсияи бодибилдинг ва фитнеси Ҷумҳурии Тоҷикистон Толеъ Холназаров, муовини раиси кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Алиаҳмад Мирзоев ва роҳбари Шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқ ва назорат аз болои маводи мухаддири Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хонум Энн Карсон супориданд. Озмун аз ҷониби Федератсияи бодибилдинг ва фитнеси ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки молиявии Шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқ ва назорат аз болои маводи мухаддири Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи паст кардани истеъмоли маводи мухаддир гузаронида шуд.                   Дар давоми мусобиқаҳои серӯза, ки дар Душанбе гузаштанд, зиёда аз 30 нафар аз 20 то 38- сола аз чор ноҳияи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Рӯзи охирини мусобиқа ба 12 нафар ғолибони озмун ҷоизаҳо супорида шуда, мусобиқа бо намоиши хотимавии ғолибон ва консерти ситораҳои саҳна анҷом ёфт.   

Октябрь 26, 2009 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд