БА ҒОЛИБОНИ БОДИБИЛДИНГ ҶОИЗАҲО СУПОРИДА ШУД
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Дар Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони мусобқа доир ба бодибилдинг, ки тарзи ҳаёти солим ва паст кардани истеъмоли маводи мухаддирро миёни ҷавонон таблиғ мекунад, дирӯз 25 октябр барпо гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҷоизаҳоро Раиси Федератсияи бодибилдинг ва фитнеси Ҷумҳурии Тоҷикистон Толеъ Холназаров, муовини раиси кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Алиаҳмад Мирзоев ва роҳбари Шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқ ва назорат аз болои маводи мухаддири Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хонум Энн Карсон супориданд. Озмун аз ҷониби Федератсияи бодибилдинг ва фитнеси ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки молиявии Шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқ ва назорат аз болои маводи мухаддири Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи паст кардани истеъмоли маводи мухаддир гузаронида шуд. Дар давоми мусобиқаҳои серӯза, ки дар Душанбе гузаштанд, зиёда аз 30 нафар аз 20 то 38- сола аз чор ноҳияи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Рӯзи охирини мусобиқа ба 12 нафар ғолибони озмун ҷоизаҳо супорида шуда, мусобиқа бо намоиши хотимавии ғолибон ва консерти ситораҳои саҳна анҷом ёфт.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






