БАРҚИ ҚАРЗДОРОН ХОМӮШ КАРДА МЕШАВАД

Октябрь 9, 2009 10:08

                   Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори макази матбуоти Ширкати ҳолдингии «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ, раиси ширкати мазкур Санъат Раҳимов дар бораи қатъ кардани нерӯи барқ ба тамоми корхона ва идораҳо сарфи назар аз шакли моликияташон, ки дар пардохти маблағи истифодаи барқ қарздор мебошанд, фармон содир намуд.                   Дар асоси фармони мазкур дар саросари ҷумҳурӣ комиссияи махсус таъсис дода шудааст, ки ҳамарӯза аз фаъолияти худ дар бораи рӯёнидани маблағи истифодаи барқ ба Ширкати «Барқи тоҷик»маълумот пешниҳод менамояд. Дар сурати пардохт накардани маблағи қарздорӣ додани нерӯи барқ қатъ карда мешавад.                   Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, дар ҷумҳурӣ лимити барқ ҷорӣ карда нашудааст. Соли гузашта шурӯъ аз 1 –уми моҳи сентябр дар ҷумҳурӣ лимит ҷорӣ карда шуда буд.

Октябрь 9, 2009 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд