БАРҚИ ҚАРЗДОРОН ХОМӮШ КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори макази матбуоти Ширкати ҳолдингии «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ, раиси ширкати мазкур Санъат Раҳимов дар бораи қатъ кардани нерӯи барқ ба тамоми корхона ва идораҳо сарфи назар аз шакли моликияташон, ки дар пардохти маблағи истифодаи барқ қарздор мебошанд, фармон содир намуд. Дар асоси фармони мазкур дар саросари ҷумҳурӣ комиссияи махсус таъсис дода шудааст, ки ҳамарӯза аз фаъолияти худ дар бораи рӯёнидани маблағи истифодаи барқ ба Ширкати «Барқи тоҷик»маълумот пешниҳод менамояд. Дар сурати пардохт накардани маблағи қарздорӣ додани нерӯи барқ қатъ карда мешавад. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, дар ҷумҳурӣ лимити барқ ҷорӣ карда нашудааст. Соли гузашта шурӯъ аз 1 –уми моҳи сентябр дар ҷумҳурӣ лимит ҷорӣ карда шуда буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






