БАРҚИЯИ КОНФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ОСИЁ
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Аз Конфедератсияи Футболи Осиё ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон барқия ворид гардид. Дар он роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои бомуваффақият гузаронидани қувваозмоиҳои хотимавии дастаҳои футбол барои ба даст овардани Ҷоми раиси конфедератсия табрик карда мешавад. Тавре хабар дода шуда буд, ин қувваозмоиҳо дар варзишгоҳи «Металлург» — и шаҳри Турсунзода гузаштанд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ дастаи футболи «Регар – Тадаз» дастаи футболи «Дурдой – Динамо» — и Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд. Муншии умумии Конфедератсияи футболи Осиё Алекс Сусей дар барқия менависад, ки «Аз номи раиси конфедератсия Муҳаммад ибни Ҳаммом ба Шумо барои бомуваффақият ташкил намудан ва гузаронидани қувваозмоиҳои хотимавии мусобиқа дар Турсунзода изҳори сипос менамоям». Дар барқия ба саҳми калони раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Сӯҳроб Қосимов ва маъмурияти Федератсияи футболи мамлакат барои меҳмоннавозӣ, дастгирии ҳамаҷониба ва ҳамкорӣ бо аъзои ҳайати конфедератсия миннатдорӣ баён карда мешавад. Таъкид карда мешавад, ки муншии умумии Федератсияи футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлатов ва кормандони федератсия Давлатманд Исломов ва Ислом Маҳмадшоев дар ташкилу гузаронидани қувваозмоиҳо саҳми калон гузоштанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






