БАРҚИЯИ КОНФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ОСИЁ

Октябрь 5, 2009 17:42

                   Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Аз Конфедератсияи Футболи Осиё ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон барқия ворид гардид. Дар он роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои бомуваффақият гузаронидани қувваозмоиҳои хотимавии дастаҳои футбол барои ба даст овардани Ҷоми раиси конфедератсия табрик карда мешавад. Тавре хабар дода шуда буд, ин қувваозмоиҳо дар варзишгоҳи «Металлург» — и шаҳри Турсунзода гузаштанд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ дастаи футболи «Регар – Тадаз» дастаи футболи «Дурдой – Динамо» — и Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд.                    Муншии умумии Конфедератсияи футболи Осиё Алекс Сусей дар барқия менависад, ки «Аз номи раиси конфедератсия Муҳаммад ибни Ҳаммом ба Шумо барои бомуваффақият ташкил намудан ва гузаронидани қувваозмоиҳои хотимавии мусобиқа дар Турсунзода изҳори сипос менамоям». Дар барқия ба саҳми калони раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Сӯҳроб Қосимов ва маъмурияти Федератсияи футболи мамлакат барои меҳмоннавозӣ, дастгирии ҳамаҷониба ва ҳамкорӣ бо аъзои ҳайати конфедератсия миннатдорӣ баён карда мешавад.                   Таъкид карда мешавад, ки муншии умумии Федератсияи футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлатов ва кормандони федератсия Давлатманд Исломов ва Ислом Маҳмадшоев дар ташкилу гузаронидани қувваозмоиҳо саҳми калон гузоштанд.

Октябрь 5, 2009 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид