БАРНОМА БАРОИ МЕҲМОНОН
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Симпозиуми байналмиллалии «Осори Абӯҳанифа ва нақши он дар муколамаи миллатҳо» дирӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барои иштирокчиёни симпозиум ва меҳмонони пойтахт барномаи театрикунонидашуда намоиш дода шуд. Дар барнома аз осори адабии шоирони классики тоҷик Ҷалолиддини Рӯмӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Саъдии Шерозӣ, ҳамчунин порчаҳо аз асарҳои Абӯҳанифа ва оятҳои қуръонӣ истифода шудааст. Барномаи театрӣ ба воситаи мусиқӣ тамошобинонро бо замони Абӯҳанифа шинос карда, сипас аз айёми гузашта ба дунёи муосир меорад. Дар ин фосилаи вақт баҳс оид ба моҳияти омадани инсон ба замин бурда мешавад, ки ҷавоби ин муамморо метавон аз осори Абӯҳанифа пайдо кард. Коргардони барнома Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Халилов барномаро шарҳ дода қайд кард ки: «Ҳангоми омодасозии он ҳунармандон аз маслиҳатҳои исломшиносон ва муҳаққиқони осори Абӯҳанифа истифода бурданд». Барномаи театрикунонидашуда аз ҷониби тамошобинон самимона истиқбол гардид.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






