БАРНОМА БАРОИ МЕҲМОНОН

Октябрь 7, 2009 11:43

                 Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Симпозиуми байналмиллалии «Осори Абӯҳанифа ва нақши он дар муколамаи миллатҳо» дирӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барои иштирокчиёни симпозиум ва меҳмонони пойтахт барномаи театрикунонидашуда намоиш дода шуд. Дар барнома аз осори адабии шоирони классики тоҷик Ҷалолиддини Рӯмӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Саъдии Шерозӣ, ҳамчунин порчаҳо аз асарҳои Абӯҳанифа ва оятҳои қуръонӣ истифода шудааст.                 Барномаи театрӣ ба воситаи мусиқӣ тамошобинонро бо замони Абӯҳанифа шинос карда, сипас аз айёми гузашта ба дунёи муосир меорад. Дар ин фосилаи вақт баҳс оид ба моҳияти омадани инсон ба замин бурда мешавад, ки ҷавоби ин муамморо метавон аз осори Абӯҳанифа пайдо кард.                  Коргардони барнома Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Халилов барномаро шарҳ дода қайд кард ки: «Ҳангоми омодасозии он ҳунармандон аз маслиҳатҳои исломшиносон ва муҳаққиқони осори Абӯҳанифа истифода бурданд». Барномаи театрикунонидашуда аз ҷониби тамошобинон самимона истиқбол гардид. 

Октябрь 7, 2009 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид