БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ АМАЛӢ ГАРДИД
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, то моҳи октябри соли ҷорӣ дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ 5280 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ дар ҶТ барои солҳои 2007 — 2010» 3,6 баробар зиёд аст. Аз масоҳати умумии боғҳо; — 1892 гектар мевагиҳои тухмдор, 2875 гектар донакдор, 337 гектар мағздор ва 176 гектарро меваҳои субтропикӣ ташкил медиҳад. Аз миқдори умумии боғҳои нав 1565 гектар дар заминҳои лалмӣ бунёд карда шудааст. Дар ҳамин давра, 1088 гектар токзорҳои нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба талаби барномаи мазкур 2, 2 баробар зиёд аст. Солҳои охир дар заминҳои лалмӣ бунёд намудани боғҳо зиёд гардида, боғҳои кӯҳна аз нав барқарор карда шуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






