БДА ТАСМАҲОРО ТАФТИШ МЕКУНАД
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). – Бо сабаби афзудани садамаҳои нақлиётӣ роҳбарияти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, минбаъд назоратро аз болои истифодаи тасмаҳои бехатарӣ дар воситаҳои нақлиёт пурзӯр менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази идораи БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милиса Шерафган Латифов иттилоъ дод. Мувофиқи қарори қабулшуда, аз ин пас ҳар як ронанда бояд ба таври ҳатмӣ тасмаи бехатариро истифода барад ва ҳамчунин иҷрои ин талаботро аз мусофирони дар воситаи нақлиёт нишаста талаб намоянд. Дар ҳолати иҷро накардани ин қоидаи ҳаракати роҳ ронандагон ҷарима карда мешаванд, ҳаҷми ҷарима аз 17 сомонӣ 50 дирам то 35 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Мувофиқи суханони Ш.Латифов ҳар субҳ ҳайати шахсии БДА – и ҷумҳурӣ ҳангоми гирифтани дастури хизматӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар навбати аввал ронандагонеро муайян кунанд, ки аз тасмаи бехатарӣ истифода намебаранд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






