БДА ТАСМАҲОРО ТАФТИШ МЕКУНАД

Октябрь 28, 2009 12:36

                 Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). – Бо сабаби афзудани садамаҳои нақлиётӣ роҳбарияти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, минбаъд назоратро аз болои истифодаи тасмаҳои бехатарӣ дар воситаҳои нақлиёт пурзӯр менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази идораи БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милиса Шерафган Латифов иттилоъ дод.                 Мувофиқи қарори қабулшуда, аз ин пас ҳар як ронанда бояд ба таври ҳатмӣ тасмаи бехатариро истифода барад ва ҳамчунин иҷрои ин талаботро аз мусофирони дар воситаи нақлиёт нишаста талаб намоянд.                  Дар ҳолати иҷро накардани ин қоидаи ҳаракати роҳ ронандагон ҷарима карда мешаванд, ҳаҷми ҷарима аз 17 сомонӣ 50 дирам то 35 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Мувофиқи суханони Ш.Латифов ҳар субҳ ҳайати шахсии БДА – и ҷумҳурӣ ҳангоми гирифтани дастури хизматӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар навбати аввал ронандагонеро муайян кунанд, ки аз тасмаи бехатарӣ истифода намебаранд.

Октябрь 28, 2009 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд