БЕШ АЗ ДУ МИЛЛИОН КӮДАКОН ЭМ КАРДА ШУДАНД
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Беш аз 2 миллиону 200 ҳазор кӯдак дар натиҷаи маъракаи миллии эмкунӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон, ки 12 октябр дар Тоҷикистон ба анҷом расидааст, эм карда шуданд, иттилоъ дод дар нишати матбуотӣ муовини вазири тандурустии ҶТ Саида Ҷобирова. «Бо кӯшишҳои муштараки вазорати тандурустӣ ва шарикони байналмиллалии он беш аз 97 дар сади кӯдакони синну солашон аз 1 то 14 сола дар ҷараёни гузаронидани маърака дар тамоми ҷумҳурӣ ба эмкунӣ фаро гирифта шудаанд», — қайд кард С.Ҷобирова. Инчунин, қайд карда шуд, ки он кӯдаконе, ки дар рафти маърака аз сабабҳои гуногун ба эмкунӣ фаро гирифта нашудаанд, то охири моҳи октябр давом меёбад. Аз моҳи ноябри соли равон сар шуда, эмкунии кӯдакон бар зидди бемории гулафшон ба тақвими миллии эмкунӣ ворид карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки маъракаи эмкунӣ аз тарафи вазорати тандурустӣ дар давоми ду ҳaфта бо дастгирии ЮНИСЕФ ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар тамоми кишвар гузаронида шудааст. Эмкунӣ дар беморхонаҳо, мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ ва статсионарӣ, дар ноҳияҳои дурдаст бошад бо кӯмаки бригадаҳои сайёр гузаронида шудааст. Дар он беш аз 6 ҳазор кормандони соҳаи тандурустӣ иштирок кардаанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






